Анҷоми машқҳои муштараки зиддитеррористӣ дар Суғд

Рӯзи 20 август маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ, ки санаи 17 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд оғоз гардида буд, дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдарон” бо муваффақият ба анҷом расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ Раиси вилояти Суғд, Сардори минтақаи […]

ASIA-Plus



Рӯзи 20 август маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ, бо тирпаронии ҷангӣ, ки санаи 17 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд оғоз гардида буд, дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдарон” бо муваффақият ба анҷом расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ҷамъбастии машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ Раиси вилояти Суғд, Сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 3 Абдураҳмон Қодирӣ ва Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо иштирок намуданд.

Хотирнишон бояд кард, ки чорабинии мазкур бо ҷалби 30 ҳазор нафар дар се марҳила ва дар машқгоҳҳои низомии “Чоруқдарон” ва “Нурафшон” ба таври назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифта, аз захираи эҳтиётии даъватшавандагони ҳар як ноҳия, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техника ва лавозимоти барои баргузории маҷмӯи машқҳои амалиётӣ-тактикӣ зарурӣ истифода гардид ва баргузории машқҳову мавзуҳои омӯзишӣ зери назорати қатъии Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи мамлакат сурат гирифт. Ба ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ тибқи фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ «Оид ба тасдиқ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳам дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва коммисарони ҳарбӣ ширкат намуда, онҳо тӯли се рӯз ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирапаронӣ аз яроқу аслиҳаи сабуки ҷангӣ ва дигар омӯзишҳо ҷалб карда шуданд.

Ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки тактикӣ сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои гарнизони Суғд, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои низомии мамлакат дар сурати сар задани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дастаҳои амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани руҳияи ҷангӣ, сафарбарии қушунҳо дар самти доир кардани амалҳои ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро ва кӯҳистон мебошад.

Дар машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии горнизони Суғд, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 200 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбию артиллерӣ ва автомобилӣ истифода гардид.

Дар поёни маросими ҷамъбасти машқҳои ҳарбӣ аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба якчанд нафар пешқадамону фаъолон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Аз ҷумла, ба Раиси вилояти Суғд, Сардори минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 3 Абдураҳмон Қодирӣ медали ҷашнии 20-солагии мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.