Иштироки 6 гуштигири тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ, ки 7 сентябр дар шаҳри Лас-Вегаси аёлати Невадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шурӯъ шуд, ширкат доранд. Ин сабқати ҷаҳонӣ дар маҷмааи варзишию дилхушии”Орлинс-арена” то рӯзи 12 сентябр идома хоҳад кард. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ширкаткунандагони мусобиқот дар ҳарсе намуди олимпӣ — […]

ASIA-Plus



Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ, ки 7 сентябр дар шаҳри Лас-Вегаси аёлати Невадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шурӯъ шуд, ширкат доранд. Ин сабқати ҷаҳонӣ дар маҷмааи варзишию дилхушии”Орлинс-арена” то рӯзи 12 сентябр идома хоҳад кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ширкаткунандагони мусобиқот дар ҳарсе намуди олимпӣ — гуштии юнониву румӣ, гуштии озод ва гуштии занона – барои маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Бояд гуфт, ки ин аввалин мусобиқаи квалификатсионӣ пеш аз Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳсуб мешавад. Гуштигироне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои 1-6-умро мегиранд, роҳхатҳои олимпиро ба даст меоранд.

Шарафи варзиши Тоҷикистонро дар мусобиқаи навбатии қаҳрамонии ҷаҳон шаш гуштигир ҳимоят мекунанд.  Дар намуди гуштии юнониву румӣ Тоҷикистонро Хусрав Облобердиев (то 66 кг), Некрӯз Мирхоҷаев (то 71 кг) ва Муродҷон Тӯйчиев (то 130 кг) таҳти раҳбарии сармураббии мунтахаби кишвар Ҳабиб Абдуллоев намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод бо раҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов се варзишгар – Баҳодур Қодиров дар вазни зери 84 кг, Искандари Рустам дар вазни зери 97 кг ва Фарҳод Аннақулов дар вазни зери 125 кг – дохиланд.

Се рӯзи аввал (7-9 сентябр) сабқати гуштии юнониву румӣ ва се рӯзи баъдӣ (10-12 сентябр) сабқати гуштии озод баргузор мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ ин сабқати байналмилалии гуштигирони ҳаваскор буда, таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии услубҳои муттаҳидаи гуштӣ (FILA) баргузор мешавад. Дар доираи қаҳрамонии ҷаҳон мусобиқа оид ба гуштии юнониву румӣ (классикӣ) байни мардон (аз соли 1904), гуштии озод миёни мардон (аз соли 1951) ва миёни занон (аз соли 1987) барпо мегардад.

Бояд тазаккур дод, дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ин навъҳои гуштӣ аз Тоҷикистон танҳо як варзишгар –  Юсуф Абдусаломов – соли  2007 дар Бокуи Озарбойҷон дар вазни зери 84 кг медали нуқра ба даст овардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.