Пахши мустақими бозии «Паҳанг» – «Истиқлол» дар «Шабакаи аввал»

Бозии ҷавобии даври чаҳорякфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 байни дастаҳои «Паҳанг»-и Малайзия ва қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз мустақиман тариқи телевизиони давлатии «Шабакаи аввал» пахш мешавад. Роҳбари департаменти маркетинг ва робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба сомонаи расмии ФФТ дар ин робита изҳор доштааст, ки ҳуқуқи намоиши бозиро Федератсия ба даст […]

ASIA-Plus



Бозии ҷавобии даври чаҳорякфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 байни дастаҳои «Паҳанг»-и Малайзия ва қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз мустақиман тариқи телевизиони давлатии «Шабакаи аввал» пахш мешавад.

Роҳбари департаменти маркетинг ва робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба сомонаи расмии ФФТ дар ин робита изҳор доштааст, ки ҳуқуқи намоиши бозиро Федератсия ба даст оварда, ба телевизиони давлатии «Шабакаи аввал» додааст.

Бозӣ имрӯз, 16 сентябр дар варзишгоҳи Дорулмақмур дар шаҳри Куантана доир гардида, сости 17:45 дақиқа бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Пахши мустақими бозӣ тариқи телевизиони «Шабакаи аввал» соати 17:40 дақиқа шурӯъ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали даври чаҳорякфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015, ки рӯзи 26 август дар Душанбе баргузор шуд, дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби калони 4 бар 0 бар дастаи меҳмонон дастболо шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.