Маҳсулоти беш аз 60 ширкатҳои Осиё ва Аврупо дар намоишгоҳи Agrofood-2015 дар Душанбе

Рӯзҳои 14-16 октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии Agrofood-2015  баргузор мешавад, ки дар он маҳсулоти беш аз 60 ширкати қораи Осиё ва Аврупо ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ин робита иттилоъ […]

Пайрав Чоршанбиев



Рӯзҳои 14-16 октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии Agrofood-2015  баргузор мешавад, ки дар он маҳсулоти беш аз 60 ширкати қораи Осиё ва Аврупо ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ин робита иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ пешниҳоди маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, комплекси агросаноатӣ, техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ аз ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Гурҷистон, Италия ва Испания, Ҳолланд, Словения, Олмону Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон ва Эрону Туркия дар назар аст.

Дар намоишгоҳ техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ, тухмиву ниҳолҳо, технологияҳои обёрӣ ва ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти боғдориву гулпарварӣ пешкаш мегардад.

Ҳамчунин маҳсулоти шириву гӯштӣ ва моҳӣ, сабзавоту мева ва консерваҳо, маснӯотӣ нонӣ ва қаннодӣ, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва таҷҳизоти касбӣ барои ошхонаҳо низ ба намоиш гузошта мешавад.

Ғайр аз ин, тамошогарони намоишгоҳ метавонанд бо таҷҳизоту технологияҳои коркарди маводи ғизойӣ, бастабандӣ ва таҷҳизоти он, ҳамчунин таҷҳизот барои коркарди шир аз наздик ошно гарданд.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати Expo Central Asia бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.