Хуршед Маҷидов қаҳрамони Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Chempionships) байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 10-11 октябр дар Тайван баргузор шуд, соҳиби ду медал – як тило ва як биринҷӣ гардид. Бино ба маълумоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 […]

ASIA-Plus



Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Chempionships) байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 10-11 октябр дар Тайван баргузор шуд, соҳиби ду медал – як тило ва як биринҷӣ гардид.

Бино ба маълумоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алӣ Парҳезгар (Эрон) ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ бар Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳёнҳо Чойро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тило мукофотонида шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни зери 55 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ бар Рян Кристиан Бенавидез (Филиппин) ғолиб гашт. Вале баъдан аз Баяман Сагибой Уулӣ (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Дар мубориза барои ҷойи севум паҳлавони тоҷик аввал бар Ифтихор Аҳмад (Покистон) ва сипас бар Ҷунву Банг (Кореяи Ҷанубӣ) дастболо шуд ва дар натиҷа бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Гуфта мешавад, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Тайван байни наврасон (кадетҳо) ҳамагӣ 166 варзишгар (98 писар ва 68 духтар) аз 22 кишвар иштирок дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар дар сабқати писарон намояндагӣ карданд. Натиҷаҳои ба даст овардаи чаҳор гуштигири дигари тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов (вазни то 73 кг, ҷойи панҷум), Ҷамолиддин Абдуллоев (то 60 кг, ҷойи ҳафтум), Шоҳмансур Ёқубов (то 66 кг, ҷойи ҳафтум) ва Носирхӯҷа Зайниддинов (то 81 кг, ҷйи ҳафтум) – низ қобили таваҷҷӯҳ аст.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби 12 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 8 медал (3-1-4) ҷойи дувум ва мунтахаби Тайван бо касби 8 медал (1-3-4) ҷойи севумро гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тило, як медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва се ҷойи ҳафтум мақоми 9-умро соҳиб шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.