Қабули асъори хориҷӣ дар бонкҳои Тоҷикистон осонтар шуд

Аз ин ба баъд шахсони воқеӣ (резидент ва ғайрирезидентҳо) метавонанд асъори нақди хориҷиро ба суратҳисобҳои бонкии дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон кушодаашон бе маҳдудияти ҳаҷми маблағ ва бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаъи пайдоиши онҳо ворид намоянд. Чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин хусус қарори иловагии дахлдор қабул намуда, онро ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ирсол […]

ASIA-Plus



Аз ин ба баъд шахсони воқеӣ (резидент ва ғайрирезидентҳо) метавонанд асъори нақди хориҷиро ба суратҳисобҳои бонкии дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон кушодаашон бе маҳдудияти ҳаҷми маблағ ва бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаъи пайдоиши онҳо ворид намоянд.

Чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин хусус қарори иловагии дахлдор қабул намуда, онро ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, ин дастури иловагӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, маҳдуд кардани гардиши ғайрирасмии асъори хориҷӣ ва таъмини минбаъдаи рушди низоми бонкӣ қабул шудааст.

Гуфта мешавад, ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд асъори нақди хориҷии барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ пешниҳодкардаи шахсони воқеиро бе маҳдудият, бо риояи талаботҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки ташкилотҳои қарзӣ ҳамчунин вазифадор карда мешаванд, ки тартиби мазкури ба суратҳисоби бонкӣ ворид кардани асъори нақди хориҷиро ба кормандони мутасаддии муассисаҳои зертобеъ ва муштариён-моликони суратҳисобҳои бонкӣ (шахсони воқеӣ) расонида, риояи ҳатмии онро таъмин намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.