Вазорати мудофиа дар бораи куштори кормандони комиссариати ҳарбӣ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ марбут намедонад. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Сино ҳанӯз аввали моҳи ноябр ба иҷро расида буд. Ба гуфтаи […]

Аваз Юлдошев



Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ марбут намедонад.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Сино ҳанӯз аввали моҳи ноябр ба иҷро расида буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаи гузашта бори нахуст дар шаҳри Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро шуд.

Маҳмадалиев таъкид дошт, ки ин ҳодисаи фоҷеабор берун аз қаламрави комиссариати ҳарбӣ рух дода, ба кадом хотир даст ба ин амал задани ҷинояткорон алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки

ахири ҳафтаи сипаришуда

афроди номаълум  ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ба ҳалокат расиданд.

Дар ин робита Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми шаҳрвандон дархост мекунад, ки агар оид ба ҳодисаи куштор ва шахсияти ҷинояткорони дар он дастдошта ягон маълумот дошта бошанд, ба мақомоти милитсия хабар расонанд.

Гуфта мешавад, касоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ медиҳанд, 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд. Нисбати шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.