Боздиди вазири қувваҳои ҳарбии баҳрии ИМА аз Тоҷикистон

Вазири қувваҳои ҳарбии баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рэй Мэбус сафари банақшагирифтаи худро ба Тоҷикистон 7 ноябр ба анҷом расонд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ҳангоми вақти маҳдудаш дар ш. Душанбе ҷаноби Мэбус, сардори қувваҳои ҳарбии баҳрӣ ва қисми пиёдақӯшуни баҳрии ИМА ва намояндагони Сафорати ИМА барои муҳокимаи тарафдории пайвастаи […]

Иттилоияи расмӣ



Вазири қувваҳои ҳарбии баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рэй Мэбус сафари банақшагирифтаи худро ба Тоҷикистон 7 ноябр ба анҷом расонд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ҳангоми вақти маҳдудаш дар ш. Душанбе ҷаноби Мэбус, сардори қувваҳои ҳарбии баҳрӣ ва қисми пиёдақӯшуни баҳрии ИМА ва намояндагони Сафорати ИМА барои муҳокимаи тарафдории пайвастаи Иёлоти Муттаҳида барои  дастгирии таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ суҳбат намуданд.

Гуфта мешавад, инчунин ҷаноби Мэбус бо аъзои бахши амнияти сафорат аз ҳисоби аскарони пиёдагарди баҳрӣ мулоқот намуд ва дар базми қисми пиёдақӯшуни баҳрӣ бахшида ба истиқболи солонаи таъсиси пиёдақӯшуни баҳрии Иёлоти Муттаҳида иштирок дошт.

Зимнан зикр гардид, ки ташрифи ҷаноби Мэбус ба Тоҷикистон дар доираи сафари ӯ ба як силсила кишварҳои дохили минтақаи фаъолияти Фармондеҳии ҷанубӣ, африкоӣ, марказӣ ва аврупоии ИМА сурат гирифт ва ҳангоми сафараш ӯ бо барҳнавардони ҳарбӣ, аскарони пиёдагарди баҳрӣ ва роҳбарони олирутбаи низомию ҳукуматӣ мулоқот дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.