Раиси БМТ: Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи мусбат пешгӯӣ мешавад

– Коҳиши ҷараёни интиқоли маблағҳои пулӣ ба фишорҳои қурбӣ, кам шудани ҳаҷми муомилоти молӣ ва фаъолияти иқтисодӣ дар бахшҳои ҷудогонаи он боис гардид, – изҳор дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷашед Нурмаҳмадзода зимни муаррифии Гузориши минтақавии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Душанбе. Ӯ қайд кард, ки барои нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, сатҳи нархҳо, суботи […]

ASIA-Plus



– Коҳиши ҷараёни интиқоли маблағҳои пулӣ ба фишорҳои қурбӣ, кам шудани ҳаҷми муомилоти молӣ ва фаъолияти иқтисодӣ дар бахшҳои ҷудогонаи он боис гардид, – изҳор дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷашед Нурмаҳмадзода зимни муаррифии Гузориши минтақавии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки барои нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, сатҳи нархҳо, суботи низоми молиявӣ ва бозори дохилӣ Бонки миллӣ тадбирҳои дахлдор меандешад.

«Бо назардошти вазъи имрӯза, фаъолияти БМТ дар навбати аввал ба коҳиши фишорҳои қурбӣ равона гардидааст, ки дар робита ба шароитҳои номусоид ба вуҷуд омаданд», – гуфт Нурмаҳммадзода.

Номбурда таъкид дошт, ки баҳри коҳиши фишори асъорӣ ва нигаҳдории қобилияти харидории пули миллӣ, БМТ «муқобили ҳаннотӣ дар бозори асъор» маҳдудиятиҳои муваққатии маъмурӣ ҷорӣ кард.

Раиси Бонки миллӣ зикр кард, ки «зина ба зина фарқ миёни қурби расмӣ ва қурби бозории арзи миллӣ нисбати доллари ИМА поин меравад».

«Сарфи назар аз вазъи мушкил дар маҷмӯъ, рушди иқтисод тамоили мусбат дорад, – чунин мешуморад ӯ. – Давоми 10 моҳи соли равон рушди воқеии ММД ҷумҳурӣ 6%-ро ташкил дод ва ба он рушд дар бахшҳое чун сохтмон, саноат ва кишоварзӣ мусоидат намуданд».

Ба гуфтаи раиси БМТ, дар ин давра мизони таваррум ҳамагӣ 4,1%-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% камтар аст ва то охири соли ҷорӣ таваррум дар сатҳи беш аз 6% ва соли 2016 – дар сатҳи 7% пешгӯӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки рӯйпӯш сохтани воридоти мол аз ҳисоби захираҳои маҷмӯии байнулмилалӣ дар зарфи 10 моҳи соли равон 1,7% (ҳамин давраи соли гузашта – 1,4%) афзоиш ёфтааст.

«Тибқи натиҷаи таҳлилҳои мо, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи мусбат пешгӯӣ мешавад», – афзуд Нурмаҳмадов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.