Манзил аз Tcell ба оилаи осебдида аз офати табиӣ дар ВМКБ

Моҳи июли соли равон, ҳангоми рух додани офати табиӣ дар ВМКБ, сокинони якчанд ноҳияҳо зарар диданд. Хонаву хоҷагиҳо хароб гашта, садҳо мардум бе манзил монданд. Оилаи серфарзанди Амалбегим Абдулназароваи 75-солаи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон низ  аз ҷумлаи ин осебдидагон буд. Амалбегим бо оилааш дар хонаи худ тӯли 40 сол зиндагӣ карда, 11 фарзандро ба воя […]

Иттилоияи расмӣ



Моҳи июли соли равон, ҳангоми рух додани офати табиӣ дар ВМКБ, сокинони якчанд ноҳияҳо зарар диданд. Хонаву хоҷагиҳо хароб гашта, садҳо мардум бе манзил монданд. Оилаи серфарзанди Амалбегим Абдулназароваи 75-солаи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон низ  аз ҷумлаи ин осебдидагон буд. Амалбегим бо оилааш дар хонаи худ тӯли 40 сол зиндагӣ карда, 11 фарзандро ба воя расонидааст.

«Пас аз таъмир мо ба тоза кардани хона машғул будем, ки кормандони КҲФ омада, аз мо хоҳиш карданд, то ба ҷои бехатар бароем. Рӯзи дигар вақте ман ба хона омадам, дидам, ки ғайр аз шохаҳои баландарини дарахте, ки солҳои зиёд онро парварида будам, дигар аз ҳеҷ чиз ному нишон намондааст. Аввал ман фикр кардам шояд роҳгум зада бошам ва ба ҷои дигаре омадаам, вале баъдтар фаҳмидам, ки ин хонаи ман аст ва аз он нишоне боқӣ намондааст” – он рӯзҳои сахтро ба ёд меорад Амалбегим.

Ширкати Tcell аз буҷаи худ барои оилаи Амалбегим хонаи нав сохта, онро бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин намуд. Он рӯз ғайр аз оилаи Амалбегим оилаҳои зиёде низ зарар диданд. «Табиист, ки дар чунин ҳолат ширкати Tcell  бетафовут набуд ва баъди рух додани офати табиӣ дар ВМКБ, ширкат бо мақсади ҷамоварии маблағ барои осебдидагон рақами кутоҳи 5005-ро кушод. Ҳангоми тамос бо рақами мазкур ва ё ирсоли СМС муштарӣ барои ниёзмандон саҳми худро мегузорад. Хамчунин дар соатҳои нахустини ин фоҷиа ширкати мо ба муштариёне, ки дар минтақаҳои хатарнок қарор доштанд, паёмакҳои огоҳикунандаи хатар ирсол кард, ки барои чандин нафарон саҳми арзанда гузошт» – мегӯяд директори генералии ширкати Tcell, Миндаугас Убартас.

Tcell – чун ҳамеша ғамхор! 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.