Беш аз 1 млн. юан ба бозори пули нақди Тоҷикистон

Баҳри дастгирии устувории қурби арзи миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯзҳои наздик ба бозори пули нақди ҷумҳурӣ беш аз 1 млн. юан ворид мекунад. Зимни шарҳи масъала ба вакилони палатаи поёнии парлумон раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ин робита изҳор намуд, ки Бонки миллӣ муътақид аст, ки ин тадбир ба устуворшавии қурби пули миллӣ нисбати […]

Аваз Юлдошев



Баҳри дастгирии устувории қурби арзи миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯзҳои наздик ба бозори пули нақди ҷумҳурӣ беш аз 1 млн. юан ворид мекунад.

Зимни шарҳи масъала ба вакилони палатаи поёнии парлумон раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ин робита изҳор намуд, ки Бонки миллӣ муътақид аст, ки ин тадбир ба устуворшавии қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА мусоидат мекунад.

Ба қавли ӯ, ин иқдом ба соҳибкорони машғул ба воридоти мол аз Чин имкон медиҳад, ки бидуни мушкилот пули миллиро бо юан иваз намоянд.

«Ахири моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр дар масъалаи муайян кардани қурби арзи миллӣ нисбати доллари ИМА нуқтаҳои мубодилаи асъор ба сардаргумиву ҳаннотӣ печиданд. Имрӯз аломатҳои устувории қурби сомонӣ нисбати доллар пайдо шуд ва мо ният дорем, ки ин ҷараёнро ҳамаҷониба дастгирӣ кунем», – гуфт раиси БМТ.

Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаи ахир қурби ғайрирасмии доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 7 сомониву 60 дирам барои 1 долларро ташкил дод.

Нурмуҳаммадзода хотирррасон намуд, ки бар асари буҳрон дар кишварҳои шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон ва коҳиши назараси ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 26,7 фоиз поин рафт.

Раиси Бонки миллӣ ҳамчунин қайд кард, ки коҳиши қурби пули миллӣ нисбати доллар ба болоравии нархҳо ба доруворӣ ва маҳсулоти асосии ғизойӣ – шакару орд ва равғани растанӣ боис гардид.

«Сарфи назар аз ин мушкилот, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон тӯли моҳҳои январ-ноябри соли равон 6 фоизро ташкил дода, то охири сол мизони таваррум аз 5,5 фоиз боло нахоҳад рафт», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.