Аз AIIB Тоҷикистон сармоягузориҳои бузургро интизор аст

Палатаи поёнии парлумон имрӯз моддаҳои Созишномаи Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB)-ро, ки санаи 29 июни соли 2015 бо ибтикори Чин аз ҷониби намояндагони 57 кишвари ҷаҳон бо сармояи оинномавии 100 млрд . доллари ИМА таъсис ёфта буд, якдилона маъқул шуморид. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумон имрӯз моддаҳои Созишномаи Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB)-ро, ки санаи 29 июни соли 2015 бо ибтикори Чин аз ҷониби намояндагони 57 кишвари ҷаҳон бо сармояи оинномавии 100 млрд . доллари ИМА таъсис ёфта буд, якдилона маъқул шуморид.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён изҳор намуд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар сармояи оинномавии бонки мазкур 30,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба қавли ӯ, маросими расмии оғози фаъолияти бонки нав моҳи январи соли 2016 дар шаҳри Пекин доир мегардад. «Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои худ дар бахшҳои гуногун аз ин бонк сармоягузорӣ дастрас кунад», – гуфт муовини вазир.

Пекини расмӣ бар ин назар аст, ки сиёсати роҳандозишуда аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки осиёгии рушд (БОР) ба таври бояду шояд ба манфиатҳои минтақаи Осиё ҷавобгӯ набуда, мушкилоти ҷойдоштаи онҳоро ҳал намекунад.

Дар ин робита соли 2013 Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифт, ки ҳамчун ҷойгузин (алтернатива) Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохториро таъсис бидиҳад.

Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (англ. Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) – созмони байнулмилалии молиест, ки бо ташаббуси Чин таъсис дода мешавад. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Пекин воқеъ аст. Бонк ба сифати алтернатива ба ХБА (Вашингтон, ИМА), БҶ (Вашингтон, ИМА) ва БОР (Манила, Филиппин) мавқеъгирӣ мекунад.

Ҳадафҳои асосии AIIB ҳавасмандсозии ҳамкории молиявӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои гуногуни инфрасохторӣ дар Осиё аз сохтмони роҳу фурудгоҳҳо то моҳвораҳои алоқаву манзили зист барои қишри миёнаи аҳолӣ унвон мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.