Фаъолияти 124 ташкилоти қарзӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, 17 бонк, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 106 адад ташкилоти маблағгузории хурд, 39 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 31 адад ташкилоти қарзии хурд, 36 адад фонди қарзии хурд, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, 17 бонк, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 106 адад ташкилоти маблағгузории хурд, 39 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 31 адад ташкилоти қарзии хурд, 36 адад фонди қарзии хурд, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), шаҳрвандон ҳангоми пайдо шудани зарурати мубодилаи асъор, интиқоли маблағҳо ё анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ метавонанд аз хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағ бемамониат истифода бурда, талаботи худро қонеъ гардонанд.

Гуфта мешавад, дар сурати ба миён омадани нофаҳмӣ, дучор омадан бо муомилаи сарди кормандони бахши низоми бонкӣ ва ё сар задани норасоӣ аз тарафи бахши низоми бонкӣ, муштариён метавонанд ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои 600-15-20, 600-31-90 (Шуъбаи сиёсати қурби асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон) ва 620-05-39, 600-28-63 (Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ) муроҷиат намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳалли мусбии масъалаҳои бамиёномада чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.