Баъди лату кӯби бераҳмона як тоҷикистонӣ дар бемористони Волгоград бистарӣ шуд

Рӯзи якшанбе, 13 декабр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук акси шаҳрванди Тоҷикистон гузошта шуда, зери он зикр гардид, ки ӯ бо осори захми лату кӯби бераҳмона дар бемористони ёрии таъҷилии №17-и шаҳри Волгогради Русия бистарӣ шудааст. Дар ҳамин ҷо акси шиноснома ба ном Масҳатулло Раҷабов аз ноҳияи Рӯдакӣ, соли таваллудаш 1973 ба интишор расида, қайд шуд, […]

ASIA-Plus



Рӯзи якшанбе, 13 декабр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук акси шаҳрванди Тоҷикистон гузошта шуда, зери он зикр гардид, ки ӯ бо осори захми лату кӯби бераҳмона дар бемористони ёрии таъҷилии №17-и шаҳри Волгогради Русия бистарӣ шудааст.

Дар ҳамин ҷо акси шиноснома ба ном Масҳатулло Раҷабов аз ноҳияи Рӯдакӣ, соли таваллудаш 1973 ба интишор расида, қайд шуд, ки ин мард санаи 3 ноябр барои кор ба Русия омадааст. Корбарони шабака, ки ба бемористон ба аёдати ӯ рафтаанд, иттилоъ медиҳанд, ки вазъи солимии ӯ вазнин буда, дар хуни ӯ машрубот ошкор шудааст.

Дар хамин ҳол, намояндаи расми сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди чопи ин матлаб дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, сафорат таъҷилан бо сардухтури беморхонаи мазкур дар тамос шуда, аз ӯ дар бораи вазъи ҷабрдида пурсон шудааст.

«Айни замон Раҷабов дар шуъбаи терапия бистарӣ аст. Мо ба раҳбарияти диаспораи тоҷикон дар Волгоград дастур додем, ки ба аёдати ӯ рафта, кумаки дастгирӣ намоянд. Сафорат минбаъд ҷараёни ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад», – гуфт Эгамзод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.