Коршинос: Вазъи интиқоли маблағҳо дар соли 2016 он қадр тағйир намеёбад

Иқтисодчии Бонки осиёгии рушд (БОР) Муҳаммадӣ Бобоев бар ин назар аст, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли оянда ба эҳтимоли қавӣ тақрибан дар ҳамин сатҳи соли ҷорӣ боқӣ мемонад. Ӯ қайд кард, ки поинравии нархҳо ба нафт идома дошта, ин ба беқурбшавии рубли русӣ боис мегардад ва дар навбати худ беқурбшавии рубл […]

Пайрав Чоршанбиев



Иқтисодчии Бонки осиёгии рушд (БОР) Муҳаммадӣ Бобоев бар ин назар аст, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли оянда ба эҳтимоли қавӣ тақрибан дар ҳамин сатҳи соли ҷорӣ боқӣ мемонад.

Ӯ қайд кард, ки поинравии нархҳо ба нафт идома дошта, ин ба беқурбшавии рубли русӣ боис мегардад ва дар навбати худ беқурбшавии рубл ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллар таъсир мерасонад.

Бобоев изҳор дошт, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон бо доллар ба андозаи 32% поин рафта, «идомаи ин тамоил то ахири сол ва дар соли оянда низ комилан имконпазир аст».

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон тариқи низоми бонкӣ аз ҷониби шахсони воқеъӣ дар нимсолаи аввали соли равон 1 млрд. 162 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2014 ҳаҷми итиқоли маблағҳои пулӣ дар нимсолаи аввал бо доллар 32% ва бо асъори тоҷикӣ 16,2% кам шуда, аммо дар ҳисобу китоб бо рубли русӣ 7,05% афзудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.