Бозистии БОР аз иштирок дар бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон

Бонки осиёгии рушд ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад. Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю. зимни брифинги имрӯза дар Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон масъалаи таъмини амният дар Афғонистон дар сати хеле паст […]

ASIA-Plus



Бонки осиёгии рушд ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад.

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си.Си.Ю. зимни брифинги имрӯза дар Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон масъалаи таъмини амният дар Афғонистон дар сати хеле паст қарор дорад. «Ҳарчанд Туркманистон сохтмони қитъаи роҳи худро ба итмом расонида бошад ҳам, мо дар қаламраве, ки таъмини амнияташ кафолат дода намешавад, хоҳиши сохани роҳи оҳанро надорем. Ин хеле ва хеле хавфу хатарҳо дорад», – иброз дошт намояндаи бонк.

Ғайр аз ин, таъкид дошт С.Си.Ю., шохаи асосии ин роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва мутаносибан барои сохтмони он дар ин кишвар бояд захираҳои муайяне вуҷуд дошта бошад, «вале айни замон ин захираҳо нокофианд».

Ӯ изҳор намуд, ки маблағҳои ба ин лоиҳ сармоягузоримешуда ба дигар чорабиниҳо равона мегарданд. «Вақте вазъ дар маҷмӯъ рӯ ба беҳбудӣ ниҳад, мо шояд ба ин лоиҳа баргардем», – илова кард номбурда.

Қобили зикр аст, ки қаблан БОР барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи ин роҳи оҳани оянда 9 млн. доллари ИМА воистаҳои грантӣ ҷудо карда буд.

Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расид. Маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаро Бонки осиёгии рушд амалӣ карданист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.