Соли гузашта дар роҳҳои кишвар 449 нафар ҳалок шуданд

Соли 2015 дар роҳҳи мошингарди Тоҷикистон 449 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 472 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 449 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 574 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар муқоиса бо соли 2014, […]



Соли 2015 дар роҳҳи мошингарди Тоҷикистон 449 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 472 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 449 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 574 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар муқоиса бо соли 2014, соли гузашта шумори ҳалокшудагон дар роҳҳои кишвар 3 нафар ва ҷароҳатгирифтагон – 172 нафар афзудааст.

Таҳлили анҷомдода аз ҷониби кормандони БДА нишон медиҳад, ки сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои садамаи нақлиёт аз ҷои манъшуда роҳро гузаштани пиёдагардон, бо суръати баланд ва аз меъёр зиёд рондани автомашина, баромадан ба самти муқобили ҳаракат ва амали нодурусти ронандагон мебошад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.