ХФМ Русия: Дар як моҳ 3,8% аз шумори умумии муҳоҷирони тоҷик Русияро тарк карданд

ASIA-Plus



Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия маълумоти тоза (ба санаи 12 январи соли 2016) доир ба шумори шаҳрвандони хориҷиро, ки дар қаламрави Русия ҳузур доранд, ба нашр расонид.

Тибқи маълумоти дар сомонаи расмии ХФМ интишоршуда, дар зарфи 1 моҳ шумори шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба миқдори 3,8% кам шуда, 862 ҳазору 321 нафарро ташкил додааст.

Шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон бештар – 4,1% кам шуда, айни замон беш аз 1 млн. 800 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар дар қаламрави Русия қарор доранд. Баръакс шумори шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Русия дар як моҳ 2% афзуда, феълан ба 553 ҳазору 920 нафар баробар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2015 расмиёти узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё анҷом ёфта, аз ин замон дигар ба шаҳрвандони Қирғизистон гирифтани иҷозатнома барои кор дар қаламрави ин Иттиҳод зарур нест. Муҳлати будубоши муҳоҷири корӣ ва аъзои оилаи ӯ бошад, ба муҳлати амали шартномаи муҳоҷири корӣ бо корфармо муайян карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...