Фавти кӯдаки 4-сола бар асари сангфароӣ дар ағбаи Шаҳристон

Ахири ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисахои садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошнигарди ҷумҳурӣ 2 нафар ҳалок ва 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок, мавзеи нақби “Шаҳристон”-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ бар асари вазъи номусоиди боду ҳаво аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, қисми чапи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ронандааш марди 62-солаи […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда бар асари ҳодисахои садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошнигарди ҷумҳурӣ 2 нафар ҳалок ва 2 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок, мавзеи нақби “Шаҳристон”-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ бар асари вазъи номусоиди боду ҳаво аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, қисми чапи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ронандааш марди 62-солаи сокини ш.Исфара бармехӯрад, ки аз самти ш. Хуҷанд ба самти ш. Душанбе ҳаракат доштааст.

«Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур писарбачаи 4-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва дигар мусофирони автомашинаи мазкур: зани 24-сола ва зани 31-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд», – омадааст дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, марди 35-солаи сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҳангоми дар минтақаи талу теппаҳои деҳаи Тераки-Токи ҷамоати деҳоти Тугаланги ноҳияи Ҷ. Балхӣ қарор доштанаш, аз сабаби боришоти зиёд автомашинаи мазкур лағжида, аз баландии 196-метр ба поён сарозер шудааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.