Дар оташдони АНМН 374 кило мухаддирот сӯзонида шуд

Имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида маросими нобуд кардани воситаҳои нашъадор доир гардид. Тавре сухангӯи Агентӣ Хушунд Раҳматуллоев дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида маросими нобуд кардани воситаҳои нашъадор доир гардид.

Тавре сухангӯи Агентӣ Хушунд Раҳматуллоев дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 374 килою 045 грамм маводи нашъаовар сӯзонида шуд.

Ҳамаи маводи мухаддири нобудшуда ба сифати далели шайъӣ дар 31 парвандаи ҷиноӣ истифода шудаанд, ки нисбати онҳо ҳукми суд мавриди амал қарор гирифтааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, маводи мухаддири нобудшуда аз 16 килою 452 грамм героин, 161 килою 699 грамм афюн, 107 килою 511 грамм ҳашиш, 88 килою 376 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ва 21 дона ҳаби МДМА иборат буд.

Ин миқдор маводи мухаддир зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони АНМН, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки давоми фаъолияти Агентӣ дар оташдонҳои он беш аз 15 тонна маводи мухаддири навъҳои гуогун сӯзонида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.