Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик кард.
Дар
паёми телевизионии
сарвари давлат дар ин робита зикр мегардад, ки Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад.
«Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад. Дар ин моҳ одамон бо ҳам бештар меҳрубон шуда, бо якдигар самимонаву нармдилона муносибат мекунанд. Зеро моҳи шарифи Рамазон дар асоси каломи раббонӣ ва ҳадисҳои пайғамбари Худо ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо шинохта шудааст, – омадааст дар паёми сарвари давлат. – Парҳезкориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба шахсони муҳтоҷу камбизоат кумак кардан, аз ҳама гуна амалҳои ношоиста худдорӣ кардан, риояи ахлоқи ҳамида ва умуман, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби ин моҳи шариф мебошад».
Сарвари давлат қайд мекунад, ки «худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкориву оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ низ дар дини мубини ислом, бахусус дар моҳи рамазон амали писандида ба шумор меравад».
Дар идомаи паём таъкид мешавад, ки «мардуми шарифи мо дар ин моҳи муборак анъанаҳои арзишманди мазҳаби ҳанафиро риоя ва эҳтиром намуда, инсонпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва хайрхоҳиро пеша мекунанд. Онҳо бо ҳамдигар сулҳу салоҳ орзу карда, дасти ҳамдигарро мегиранд, аз падару модарони соҳибэҳтиром ва пирони рӯзгордида дуо хоста, ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунанд».
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар каломи осмонии Худованд илова бар ин, ки масъалаи гиромӣ доштани моҳи мубораки Рамазон борҳо таъкид гардидааст, ҳамчунин, барои мусулмонон як қатор сабукиҳое низ муқаррар шудаанд, аз ҷумла онҳое, ки сабабҳои узрнок доранд, масалан беморон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки ширхора доранд, пирони барҷомондаву мусофирон метавонанд рӯза нагиранд ва ин фаризаро дар фаслу замони мувофиқ иҷро намоянд.
«Бахусус, имсол низ, ки моҳи шарифи Рамазон ба оғози мавсими гармои тобистон рост омад, шояд ба шахсони бемор, калонсолон ва шахсоне, ки ба корҳои вазнин, аз ҷумла кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат парваришкардаи онҳо душвориҳо оварад, – зикр мегардад дар паём. – Зеро сари вақт ҷамъоварӣ кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ки ризқу рӯзии мардуми деҳот ва умуман аҳолии мамлакат мебошад, омили муҳимми фаровонии дастурхони ҳар оила ба ҳисоб меравад. Яъне моҳи Рамазон, ки ба фасли тобистон рост омадааст, чунин маънӣ надорад, ки мо кор накунем ва ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот, кишти такрорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро ба вақти дигар гузорем».
Ба гуфтаи сарвари давлат, дигар фазилати неки моҳи шарифи Рамазон дар баробари тоату ибодат ба ҷо овардани амалҳои хайр, аз қабили хабардор шудан аз ҳоли маризону муҳтоҷон ва аз худ дур кардан кинаву адоват мебошад, ки аҷру савоби бештар дорад ва ин амалҳои солеҳ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии мо имрӯзҳо амалӣ карда мешаванд.
Зикр мегардад, ки дар шароити имрӯза фазои динии аксари кишварҳои олам, бахусус як қатор мамлакатҳои мусулмониро ҷангу ҷидолҳои даҳшатбор, кирдорҳои нафратовари экстремистиву террористӣ фаро гирифтаанд ва дар натиҷаи чунин аъмоли фоҷиабор ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар аз хонаву кошона ва ватани худ маҳрум гардида, ба фирориёни иҷборӣ табдил ёфтаанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозад, ки дини мубини ислом дини мусолиматомезу сулҳхоҳ мебошад ва ҳама гуна тафриқаандозӣ, зӯровариву хушунат ва кинаву адоватро маҳкум мекунад.
«Дар чунин шароит моро зарур аст, ки моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накӯкорӣ ва амалҳои дигари хайр даъват намуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем», – изҳор мекунад Пешвои миллат.




