Ҳузури Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи қисми низомии Вазорати мудофиа

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 июн дар маросими ифтитоҳи қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳайати шахсии он Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ворид гардидан ба қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]

ASIA-Plus



Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 июн дар

маросими ифтитоҳи

қисми низомии навтаъсиси таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба ҳайати шахсии он Сипоснома ва Байрақи ҷангӣ тақдим намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни ворид гардидан ба қисми низомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа генерал-майор Эмомалӣ Собирзода тибқи қоидаҳои низомиён истиқбол гирифт.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати шахсӣ арзи салом намуда, сипас маросими супоридани Байрақи ҷангӣ шурӯъ гардид. Баъд аз тақдими Байрақи ҷангӣ, ҳайати шахсии қисми низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомали Раҳмон савганд ёд карданд. Баъд аз садои Суруди миллӣ командири қисми низомӣ чун оини низомиён таҳти навои Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва бо қадамҳои мутантан Байрақи ҷангиро аз назди ҳайати шахсӣ гузаронида, онро дар сафи пеш қарор дод.

Зимни баргузории чорабинии мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии баталиони таиноти махсус суханронӣ намуд.

Баъд аз суханрониҳо бо амри сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа расми гузашти низомии афсарону сарбозон доир гардид.

Тавре иттиллоъ дода шуд сохтмони қисми низомии таъиноташ махсус бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомали Раҳмон, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми соли 2014 оғоз гардида, он дар муддати кўтоҳ яъне давоми камтар аз ду сол мавриди баҳрабардори қарор дода шуд. Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонии иҷрогардида, барои бунёду азнавсозии ин қисми низомӣ дар марҳиллаи аввал 16 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он дорои тамоми шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ буда, заминаҳои моддиву техникии қисми низомии мазкур ба меъёри ҳарбӣ ҷавобгў аст.

Дар дохили қисми ҳарбӣ бинову иншооти гуногуни ёрирасон аз қабили Ситод, хобгоҳи кушоду барҳаво, ҳамомхонаи сарбозӣ, синфхонаҳои таълимӣ, хонаи дидорбинии волидон, ошхонаи замонавӣ, ки дар як баст метавонад беш аз 200 нафарро фаро гирад сохта шудааст. Илова бар ин толори маҷлисӣ бо 400 ҷойи нишаст, ҳамомхона, анбори озуқаворӣ, хонаҳои хизмати маишиву фароғатӣ, нишастгоҳҳо, майдончаҳои сафороиву қадамзанӣ, техникӣ, тактикиву оташфишонӣ, толору шаҳракҳои муҷаҳҳази варзишӣ, қаровулхона, парки автомобиливу техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ ва дигар иншооти аҳамияти ҳарбидошта иборат аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.