Даргузашти бемори гепатит дар СИЗО-и Хуҷанд

Дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд имрӯз эҳтимолан бар асари муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини 37-солаи шаҳри Турсунзода Уктамҷон Игамов аз олам даргузаштааст. Дар ин бора дар торнамои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии  зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар дода шудааст. Вакили мудофеъ Дилафрӯз Самадова, ки ба ин парванда рӯзи 31-уми май ҷалб шуд, мегӯяд, ки Уктамҷон […]

ASIA-Plus



Дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд имрӯз эҳтимолан бар асари муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини 37-солаи шаҳри Турсунзода Уктамҷон Игамов аз олам даргузаштааст. Дар ин бора дар торнамои

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии  зидди шиканҷа дар Тоҷикистон

хабар дода шудааст.

Вакили мудофеъ Дилафрӯз Самадова, ки ба ин парванда рӯзи 31-уми май ҷалб шуд, мегӯяд, ки Уктамҷон Игамов 19-уми май бо айби содир кардани ҷинояти хусусияти экстремистӣ дошта боздошт гардидааст. Ӯ 28-уми май аз тавқифгоҳи муваққатии КДАМ-и вилояти Суғд ба СИЗО-и шаҳри Хуҷанд гузаронида мешавад, вале рӯзи 2-юми июн дар ҳолати беҳушӣ ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятӣ интиқол меёбад, ки дар он ҷо аз дунё чашм мепӯшад.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби марги номбурда хунравӣ дар сурхрӯда ва аз кор мондани ҷигар будааст.

Ба иттилои вакили мудофеъ, Уктамҷон Игамов аз бемории гепатити В бо гузариш ба сиррози ҷигар ранҷ мебурд ва ба истифодаи доруворию хӯроки парҳезии махсус ниёз дошт.

«Ҳангоми интихоби чораҳои пешгирикунанда дар намуди ҳабс, бояд вазъи саломатии зерҳимояи ман ҳатман ба назар гирифта ва ҳабси ӯ рад карда мешуд. Вале айбдоршаванда ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт ва тафтишот аз ҷониби раёсати КДАМ дар вилояти Суғд пеш бурда шуд. Игамов бо ёрии тиббии зарурӣ таъмин карда нашуд. Ҳангоми мулоқот бо зерҳимояи худ, ман мушоҳида кардам, ки ӯ дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад. Базӯр роҳ мерафт, пойи росташ пур аз омос буд. Имрӯз ман шоҳиди марги ӯ шудам. Ҳар нафаре, ки таҳти тафтиш қарор мегирад, ҳуқуқ ба муносибати шоиста дорад. Зерҳимояи ман дар муассисаи пӯшида қарор дошта, барои саломатии худ мустақилона коре карда наметавонист. Ман фавран оид ба ташхис ва табобати ҳатмии Игамов ариза пешниҳод кардам, аммо, таври маълум, аллакай дер шуда буд»,- мегӯяд Самадова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.