Муҳлат ба «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ва кофтуков дар манзили роҳбари ташкилот

Роҳбари ҳаракати ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»  Каромат Шарипов изҳор намуд, ки дар манзилаш дар Маскав кофтуков гузаронида мешавад. Дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Каромат Шарипов навиштааст, субҳи имрӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба манзилаш барои кофтуков гузаронидан омадаанд. Ӯ қайд кардааст, ки 2 июни соли 2016 Суди олии Русия дар ҷаласаи кушоди судӣ парвандаи […]

ASIA-Plus



Роҳбари ҳаракати ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»  Каромат Шарипов изҳор намуд, ки дар манзилаш дар Маскав кофтуков гузаронида мешавад.

Дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Каромат Шарипов навиштааст, субҳи имрӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба манзилаш барои кофтуков гузаронидан омадаанд.

Ӯ қайд кардааст, ки 2 июни соли 2016 Суди олии Русия дар ҷаласаи кушоди судӣ парвандаи маъмурӣ оид ба аризаи даъвогии Вазорати адлияи Русияро дар бораи барҳам додани ҳаракати умумирусигии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» баррасӣ кард.

Сарфи назар аз мавқеъи Вазорати адлияи Русия дар симои намояндагони он, ки ба барҳамдиҳии ташкилоти ҷамъиятӣ исрор варзидаанд, Суди олии Русия қарор кардааст, ки «барои созиши тарафҳо то 1 августи соли 2016 муҳлат дода шуда, то анҷоми ин муҳлат истеҳсолоти парванда боздошта шавад».

Соати 6.15 дақиқаи субҳи имрӯз бошад, дар манзили Каромат Шарипов кофтуков сар шудааст. «Ин далел гувоҳи он аст, ки аз байн бурдани ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ва бадном кардани раиси ҳаракат Каромат Шарипов фармоишӣ буда, «фармоишгар» ҳам дорад», – гуфта мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки Суди олии Русия бо талаби Вазорати адлияи ин кишвар

масъалаи барҳам додани

ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро баррасӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат