Боз ду варзишгари тоҷик ба Олимпиадаи Рио мераванд

Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) хабар медиҳад . Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи ин созмони байналмилалӣ нашр шудааст, Комроншоҳи […]

ASIA-Plus



Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия мушарраф шуданд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо истинод ба Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF)

хабар медиҳад

.

Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи ин созмони байналмилалӣ нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 дзюдочии ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 11-ум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.

Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст. Ӯ бо квотаи қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шудааст.

Ёдрас мешавад, ки дар байни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст. Ҳамин тариқ то имрӯз се варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи навбатӣ мушарраф шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.