Ҳукми Суди олӣ ба ҳаммаслакони Ҳоҷӣ Ҳалим

Суди олии Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида нисбати чанде аз ҳаммаслакони Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ҳукм содир намуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , тибқи маълумоти аз хешону пайвандони маҳкумшудагон расида, Суди олӣ Садриддин Неъматов ва Сироҷ Одинаевро ба ҳабси абад ва Амрулло Нуровро ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст. Гуфта […]

ASIA-Plus



Суди олии Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида нисбати чанде аз ҳаммаслакони Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ҳукм содир намуд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, тибқи маълумоти аз хешону пайвандони маҳкумшудагон расида, Суди олӣ Садриддин Неъматов ва Сироҷ Одинаевро ба ҳабси абад ва Амрулло Нуровро ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст.

Гуфта мешавад, номи маҳкумшудаҳои дигари табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим ва чанд сол зиндонӣ шудани онҳо маълум нест. Ин ҳукм ҳафтаи гузашта содир шуда, аммо ба далели пӯшида будани мурофиа, хабараш дертар ба расонаҳо роҳ ёфтааст.

Хабаргузории

“Тоҷнюс”

бо такя ба манобеи худ гуфтааст, ки ин ҳукм рӯзи 10 июн содир шуда, дар маҷмуъ нуҳ тан аз пайравони Ҳоҷӣ Ҳалим ба муддатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ба шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва воҳиди махсуси мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  ҳамла намуд. Сипас Назарзода ва ҷонибдорони мусаллаҳи ӯ дар дараи Ромит, воқеъ дар 50 километриии шаҳри Душанбе паноҳ бурданд.

Амалиёти аз байн бурдани ин гурӯҳ аз 4 то 16 сентябр идома ёфта, дар натиҷа худи генерал ва муовини ӯ, полковник Ҷунайдулло Умаров ва ҳамчунин 25 аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шуда, беш аз 200 нафар дастдоштагон ба исён боздошт шуданд.

Ҳукуматдорон рӯйдодҳои моҳи сентябрро ба дӯши собиқ муовини вазири мудофиа, генерал-майор Абдуҳалим Назарзода вогузор намуда, баъдан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар омодагӣ ва маблағгузории исёни мусаллаҳона айбдор карданд.

Генерал Назарзода қаблан аъзои ҲНИТ буда, пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ тибқи квотаи 30 фоизӣ аз ҷониби мухолифон дар Вазорати мудофиа ба кор қабул шуд.

Моҳи майи соли равон суди пойтахт Бахтиёр Назаров, писари калонии Абдуҳалим Назарзодаро ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои «даъвати оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионӣ», «даъват ба бетартибиҳои оммавӣ» ва кӯшиши «барқасдона хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин» гунаҳкор дониста шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.