Боздоши гумонбарони ҳамлаи ғоратгарона дар Душанбе

Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гумонбарони ҳамлаи ғоратгарона дар пойтахтро, ки ахири моҳи май содир шуда буд, дастгир карданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 31 май ба 1-уми июни соли равон, ҳангоми аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи […]



Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гумонбарони ҳамлаи ғоратгарона дар пойтахтро, ки ахири моҳи май содир шуда буд, дастгир карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 31 май ба 1-уми июни соли равон, ҳангоми аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш, аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба воситаи автомашинаи тамғаи “Ренҷровер” аз қафои автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”- и рафиқаш онҳоро  думболагирӣ намудаанд.

«Дар назди тарабхонаи “Шаҳрисабз”, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе онҳоро боздошт намуда, сипас, бо истифодаи силоҳи сард (корд) таҳдид карда, бо роҳи зӯроварӣ аз онҳо 600-доллари амрикоӣ ва 2-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-6”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ин амали ҷинояткорона ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.