Садамаҳои нақлиётӣ дар Суғд: сабаб ва пайомад (чандрасонаӣ)

Суръатафзоӣ, ҳолати мастӣ, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, қоидавайронкунии пиёдагардон сабабҳои аслии чунин ҳаводис ба ҳисоб мераванд. Бархӯрди маргбор Садамаи нақлиётие, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд 4-уми майи соли равон, тахминан соати 16:30 рух дод, боиси марги 3 нафар ва ҷароҳати вазнин бардоштани 2 каси дигар шуд. […]

Ҷамшед МАЪРУФ, махсус барои ASIA-Plus

Суръатафзоӣ, ҳолати мастӣ, вайрон кардани қоидаҳои сабқат ва ҷойивазкунӣ, риоя накардани фосила, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ, қоидавайронкунии пиёдагардон сабабҳои аслии чунин ҳаводис ба ҳисоб мераванд.

Бархӯрди маргбор

Садамаи нақлиётие, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд 4-уми майи соли равон, тахминан соати 16:30 рух дод, боиси марги 3 нафар ва ҷароҳати вазнин бардоштани 2 каси дигар шуд. Аснои ин ҳодиса ронандаи 35-солаи мошини тамғаи «BMW» Фирӯз Ҷалолов аз хати ҳаракат берун шуда, якбора 5 нафарро дар ҷодаи пиёдагарди канори роҳ пахш кард.

Ҷалолов баъдан изҳор дошт, ки 7 сол инҷониб гирифтори бемории саръ ё эпилепсия асту замони вуқӯи садама дардаш хуруҷ карда, чизеро дар ёд надорад.

Дар робита ба қазияи мазкур Ашӯрбой Содиқов, сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати умури дохилии Суғд рӯзи 14-уми июл зимни нишасти хабарӣ чунин гуфт: «Мо дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян кардем, ки сабаби асосии ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани Фирӯз Ҷалолов гуфтугӯ бо телефони мобилӣ мебошад». Вай афзуд, ки Ҷалолов гӯё гирифтори эпилепсия мебошаду ҳангоми ҳаракат дар роҳ беморияш авҷ гирифтааст, лекин эпилепсия ба гурӯҳи касалиҳои рӯҳӣ мансуб нест.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи ин далел бо моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парванда оғоз шуда, айни ҳол дар арафаи тасдиқ кардани фикри айбдоркунӣ дар прокуратураи вилоят қарор дорад. Тибқи муқаррароти ин модда, кирдоре, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол ҷазо дода мешавад.

Ҳалокати беш аз 750 нафар дар 5,5 сол​​​​​​​

Ҳодисаи мазкур ягона садамаи нақлиётии маргбор дар вилояти Суғд нест. Тайи 5 соли ахир ва шашмоҳаи аввали 2016 дар шимоли Тоҷикистон ҳамагӣ 1932 садамаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари он 757 нафар ҳалок ва 2016 каси дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли 2016 аксари садамаҳои роҳу нақлиётӣ дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Конибодом, Исфара, Бӯстон (Чкалов), Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Айнӣ ва Ашт рух додаанд.

Зарурати эҳтиёткорӣ ва дарки масъулият​​​​​​​

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ронандагон яке аз роҳҳои пешгирии ҳаводиси роҳу нақлиётӣ арзёбӣ мешавад.

Фахриддини Аваззод , сардори Дафтари матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бар ин ақида аст, ки ронанда бояд бо дарки масъулият ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунад, то ҷони худу атрофиёнро эмин дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.