Аз оғози сол нарху тарифҳо 3,7% афзуданд

Тӯли 7 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,7%-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи июли соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,6% баробар шудааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 0,3% зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (давоми 12 моҳи ахир) дар охири моҳи июл 6%-ро […]

Asia--Plus



Тӯли 7 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,7%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи июли соли ҷорӣ мизони таваррум ба 0,6% баробар шудааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 0,3% зиёдтар аст.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (давоми 12 моҳи ахир) дар охири моҳи июл 6%-ро ташкил додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2016-ро Бонки осиёгии рушд – 7%, Бонки ҷаҳонӣ – 7,5% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – 8,2% пешгӯӣ мекунанд.

Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.