Э.Раҳмон: Ҳар як лоиҳаи муштарак бо БҶ боз як пешрафт дар рушди иқтисод аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахири ҳафтаи сипаришуда директори кишварии Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор […]

Asia--Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахири ҳафтаи сипаришуда директори кишварии Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳар як лоиҳаи якҷоя бо Бонк татбиқшаванда боз як пешрафти дигар дар рушди иқтисодии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми он мебошад.

Тавре таъкид шуд, дар давоми 23 соли шарикӣ Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намуда дар айни замон дар кишвари мо лоиҳаҳои фаъоли Бонк ба маблағи зиёда аз 350 миллион доллар дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ шуда истодаанд.

Дар мулоқот доир ба саҳмгузории муштарак дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табии дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, кам кардани хатари таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти рушдёбандаи Тоҷикистон, идомаи маблағгузории таҷдиду барқарорсозии НБО Норак, рушди соҳаи нақлиёт ва ифрасохтори роҳ ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин масоили зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳои Бонки Ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.