Муваққатан бекор шудани парвозҳои «Сомон Эйр» ба Лоҳур ва Кобул

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» оиди бекор кардани парвозҳо аз рӯйи самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе эълон мекунад. Чунин тадбир хусусияти муваққатӣ дошта, бо сабаби кам будани теъдоди мусофирон вобаста мебошад. Ширкати ҳавопаймоӣ оиди барқарор кардани парвозҳо ба Лоҳур ва ба Кобул Шуморо қаблан огоҳ хоҳад кард. Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоӣ қаблан маҷбур буд, ки миқдори […]

Иттилоияи расмӣ



Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» оиди бекор кардани парвозҳо аз рӯйи самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе ва Душанбе-Кобул-Душанбе эълон мекунад.


Чунин тадбир хусусияти муваққатӣ дошта, бо сабаби кам будани теъдоди мусофирон вобаста мебошад. Ширкати ҳавопаймоӣ оиди барқарор кардани парвозҳо ба Лоҳур ва ба Кобул Шуморо қаблан огоҳ хоҳад кард.

Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоӣ қаблан маҷбур буд, ки миқдори парвозҳоро ба самти Душанбе-Лоҳур-Душанбе аз ду хатсайр дар як ҳафта ба як хатсайр коҳиш диҳад. То лаҳзаҳои охирон хатсайрҳои Душанбе-Лоҳур-Душанбе рӯзҳои душанбе иҷро мегардиданд. Аммо бо сабаби камшавии теъдоди мусофирон дар ин самт, ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур аст, ки парвозҳоро ба самти мазкур муваққатан манъ кунад.

Феълан ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.