Ҳаҷми содирот – 39 млн. ва воридот – 156 млн. $ коҳиш ёфт

Тӯли 7 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 2 млрд. 218 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 8,1% ё худ 56,6 млн. доллари ИМА камтар аст. Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, беш аз 1 млрд. 203 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 7 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 2 млрд. 218 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 8,1% ё худ 56,6 млн. доллари ИМА камтар аст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, беш аз 1 млрд. 203 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 507,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 39 млн. доллари ИМА ё худ 7,2 % камтар аст.

Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба беш аз 1,7 млрд. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба 7 моҳи соли гузашта ба андозаи 8,4% ё худ 156,2 млн. долллари ИМА камтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 101 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (беш аз 578 млн. $), Чин (қариб 545 млн. $), Қазоқистон (354,7 млн. $) ва Туркия (174,4 млн. $) дониста шудаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.