Таҳияи лоиҳаи Кодекси тандурустии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров нахустин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баъди таътили тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро […]

ASIA-Plus



Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров нахустин ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баъди таътили тобистонаи вакилони Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Бино ба

иттилои

хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» дар таҳрири нав, «Дар бораи ҳимояи рақобат», тағйирот ба қонунҳо «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар бораи аҳамият ва муҳтавои масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон воридшуда андешаҳои худро изҳор дошта, ҳамзамон таъкид карданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои ҳуқуқии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.