Тарҳрезии ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар Ереван

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз дар шаҳри Ереван доир мегардад, Тоҷикистонро муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Абдулҳошим Ғуломзода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод. Дар ҷаласаи мазкур вазирони мудофиаи кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон […]

Asia--Plus



Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки имрӯз дар шаҳри Ереван доир мегардад, Тоҷикистонро муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ полковник Абдулҳошим Ғуломзода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод.

Дар ҷаласаи мазкур вазирони мудофиаи кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон масоили фаъолият ва рушди низоми амнияти дастаҷамъӣ, тадбирҳои такмили кори Ситоди муттаҳидаи СААД ва дурнамои тарҳрезии ҳамкориҳои низомии кишварҳоро баррасӣ мекунанд.

Ғайр аз ин, баррасии масоили марбут ба таъсиси ташкилоту муассисаҳои пажӯҳиши илмӣ дар соҳаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва зиддимушакӣ, ҳамчунин аломатҳои низомии тамғашиносӣ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ба ҳайати СААД кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Соли 2016 раёсати СААД ба зиммаи Арманистон вогузор шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.