Тақдими техникаи ИМА ба марзбонони тоҷик ба маблағи 12 млн. $

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони расмии ИМА ва Тоҷикистон дар маросими тақдими воситаҳои техникии истеҳсоли Амрико бо арзиши 12 млн. доллар ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳузур доштанд.  Таҷҳизоти коммуникатсионӣ бо арзиши 9 миллион доллар ва автомашинаҳои “J8 Jeep Wranglers” бо арзиши 3 млн. доллар […]

Иттилоияи расмӣ


Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва дигар шахсони расмии ИМА ва Тоҷикистон дар маросими тақдими воситаҳои техникии истеҳсоли Амрико бо арзиши 12 млн. доллар ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳузур доштанд. 

Таҷҳизоти коммуникатсионӣ бо арзиши 9 миллион доллар ва автомашинаҳои “J8 Jeep Wranglers” бо арзиши 3 млн. доллар аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақдим гардиданд.  Воситаҳои техникии мазкур аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА маблағгузорӣ шуда, аз пайравии мунтазами Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон дарак медиҳад.

Фармондеҳии марказӣ радиостансияҳои “Моторола” бо нармафзори шабакавии “TURBO”, ки метавонад ҳаракати кормандонро аз як ҷой ба ҷойи дигар бо истифодаи GPS пайгирӣ намояд, радиостансияҳои намуди RF-7800W бо технологияи Ethernet ва таъмини алоқа дар масофаҳои беш аз 160 км ва дигар таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нармафзорро бо 50 адад автомашинаи тамғаи “J8 Jeep Wranglers” тақдим намуд.  Воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти коммуникатсионии мазкур барои таҳкими зарфияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар самти ошкор, мусодира кардан ва пешгирӣ намудани воридшавии маводи мухаддир тавассути сарҳадоти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Сафир Миллард қайд намуд, ки тақдими таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва воситаҳои нақлиёт аз дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби ИМА дар амри решакан намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гувоҳӣ медиҳад.  Хонум Сафир ба сарҳадбонон барои кӯшишу талошҳои мунтазамашон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва изҳори омодагӣ дар ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзи сипос намуд.

Аз соли 2006 то инҷониб дар чорчубаи барномаи Фармондеҳии марказӣ оид ба мубориза бо маводи мухаддир барои бунёд намудан ва мукаммал гардонидани қувваҳои худтаъминкунанда, фаъол ва самарабахш дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон маблағи беш аз 151 миллион доллар ҷудо гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.