Озодии журналисти «Фараж» пас аз 1 соли зиндон

Журналисти нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода пас аз як соли зиндон рӯзи 18 август ба озодӣ баромад. Адвокати ӯ Хусрав Аюбӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон ӯ дар манзилаш назди аҳли оила ва наздиконаш қарор дорад. «Ҳозир мо барои барқарор кардани мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон барои журналист ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ карда истодаем», – […]

Asia--Plus



Журналисти нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода пас аз як соли зиндон рӯзи 18 август ба озодӣ баромад.

Адвокати ӯ Хусрав Аюбӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон ӯ дар манзилаш назди аҳли оила ва наздиконаш қарор дорад. «Ҳозир мо барои барқарор кардани мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон барои журналист ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ карда истодаем», – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки 

Аминҷон Гулмуродзодаи 33-сола

 18 августи соли 2015 ба иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ҳукми як соли зиндони

журналисти хабаргузории «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода кам карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.