Иҷозати парвоз ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский

Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия (Росавиатсия) ба ширкатҳои «Уральские авиалинии» ва «Ямал» ҷиҳати анҷоми парвоз аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон иҷозат дод. Дар фармони рӯзи 22 август баимзорасидаи Росавиатсия қайд мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии «Ямал» барои иҷрои парвозҳои мунтазам аз фурудгоҳи нави Жуковский ба шаҳрҳои Вена, Пловдив, Будапешт, Мюнхен, Прага, Тифлис, Остона, Алма-Ато, Ош, Бишкек, […]

Пайрав Чоршанбиев



Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия (Росавиатсия) ба ширкатҳои «Уральские авиалинии» ва «Ямал» ҷиҳати анҷоми парвоз аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон иҷозат дод.

Дар

фармони

рӯзи 22 август баимзорасидаи Росавиатсия қайд мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии «Ямал» барои иҷрои парвозҳои мунтазам аз фурудгоҳи нави Жуковский ба шаҳрҳои Вена, Пловдив, Будапешт, Мюнхен, Прага, Тифлис, Остона, Алма-Ато, Ош, Бишкек, Хуҷанд ва Душанбе (дар ҳамааш – 4 маротиба дар як ҳафта) иҷозатнома гирифтааст.

Ширкати «Уральские авиалинии» барои анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Бургас, Остона, Алма-Ато, Ош, Бишкек, Хуҷанд, Душанбе, Анталя (дар ҳамааш – 7 маротиба дар як ҳафта) ва ҳамчунин Пекин (4 маротиба дар як ҳафта) иҷозатнома дастрас кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.