Истиқболи пуршукӯҳи Дилшод Назаров дар пойтахт

Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои оимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров имрӯз аз шаҳри Маскав бо ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» соати 18:00 ба ватан фуруд меояд. Дар назар аст, ки қаҳрамони олимпиро дар фурудгоҳи пойтахт раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва […]

Asia--Plus



Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои оимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров имрӯз аз шаҳри Маскав бо ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» соати 18:00 ба ватан фуруд меояд.

Дар назар аст, ки қаҳрамони олимпиро дар фурудгоҳи пойтахт раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳамзамон президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Адҳам Абдуллозода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, мақомоти шаҳрдории Душанбе ва аҳли оилаву наздикони ӯ пешвоз мегиранд.

Дилшод Назаровро ҳазорон мухлисон низ пешвоз мегиранд, ки қад-қади роҳҳои пойтахт қаҳрамони олимпиро шодбош хоҳанд гуфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, Дилшод Назаров дар кабриолет тамоми маркази шаҳррро тай мекунад.

Сипас Дилшод Назаровро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Бегоҳии имрӯз дар амфитеатри пойтахт ба ифтихори қаҳрамони олимпӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерт доир мегардад.

Рӯзи 19 август Дилшод Назаров бо натиҷаи 78,68 метр дар мусобиқаи гурзандозии Олимпиадаи Рио-де-Жанейро ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид, ки ягона медали дастаи Тоҷикистон дар ин Олимпиада аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.