Машваратҳои навбатии сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин

Дар шаҳри Пекин рӯзи 25 августи соли 2016 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ли Хуейлай […]

Asia--Plus



Дар шаҳри Пекин рӯзи 25 августи соли 2016 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми  вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ли Хуейлай роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, фарҳангӣ ва башариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин росто ба рафти иҷрои тавофуқоте, ки миёни роҳбарони ду кишвар моҳи июни соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистон ва Чин, атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.