Президент: Беш аз 80%-и тоҷикистониёни ба террористон пайваста саводи кофӣ надоранд

Дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 33 иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мактаби наву замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Навобод барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, бо харҷи 19 млн. сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷет сохта шудааст. […]

Asia--Plus



Дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар

маросими ифтитоҳи мактаби рақами 33

иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мактаби наву замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Навобод барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, бо харҷи 19 млн. сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷет сохта шудааст.

Зимни

суханронӣ

дар маросими ифтитоҳи мактаб сарвари давлат изҳор намуд, ки мувофиқи таҳлилҳо қариб 80 фоизи гумроҳшудагон, яъне онҳоеро, ки аз кишвари мо ба созмонҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд,  ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил дода, ҳарчанд ки қисми зиёди онҳо дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, вале донишу саводи кофӣ надоранд.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҷамоати деҳот президенти мамлакат ба фаъолияти марҳилаи дуюми

корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Сомон”

ҳусни оғоз бахшид. Санги асоси корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2013 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми анҷом додани сафари корӣ ба ин ноҳия гузошта шуда буд.

Бинои корхона дар асоси лоиҳае, ки аз тарафи ҶДММ «Архиком» -и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст, сохта шудааст. Корхонаи коркарди меваю сабзавот, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Чиллахон Тоҳиров бо маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии корхона афзун гардида, дар он дар як сол имкони истеҳсолӣ то 300 тонна маҳсулоти тайёр мавҷуд аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.