Муҷозоти сокини пойтахт барои талоши пайвастан ба ДИ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанбе Диловар Музаффаровро барои кӯшиши пайвастан ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ (ДИ) мутобиқи моддаҳои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 401 (Зархаридӣ)-и КҶ ҶТ ба 6,6 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, маҳкумшуда аз моҳи декабри соли 2014 […]

Asia-Plus

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанбе Диловар Музаффаровро барои кӯшиши пайвастан ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ (ДИ) мутобиқи моддаҳои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 401 (Зархаридӣ)-и КҶ ҶТ ба 6,6 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, маҳкумшуда аз моҳи декабри соли 2014 то моҳи майи соли равон дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Новосибирск қарор дошта, бо даъвати ду тан аз ҳамватанони худ рӯзи 4 май аз Маскав ба Истамбул ва аз он ҷо ба Сурия ҷиҳати пайвастан ба сафҳои ДИ рафтанӣ мешавад, вале дар фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони хадамоти махсуси Русия боздошт ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.