Футболбозони тоҷик муддати 2 рӯз ба Фаластин расиданд

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд муддати 2 шабонарӯз ҷиҳати баргузории бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин ба Хеврон расид. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мунтахаби кишвар бегоҳи 3 сентябр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Дубай ва аз он ҷо ба Уммони Урдун парвоз кард. Аз пойтахти Урдун мунтахаби Тоҷикистон ба воситаи автобус аз қаламрави Исроил […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи Тоҷикистон бо мушкилиҳои зиёд муддати 2 шабонарӯз ҷиҳати баргузории бозии дӯстона бо мунтахаби Фаластин ба Хеврон расид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мунтахаби кишвар бегоҳи 3 сентябр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба Дубай ва аз он ҷо ба Уммони Урдун парвоз кард. Аз пойтахти Урдун мунтахаби Тоҷикистон ба воситаи автобус аз қаламрави Исроил шоми рӯзи 4 сентябр ба шаҳри Ҳеврони Фаластин расид.

Бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Фаластин ва Тоҷикистон 6 сентябр дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и Ҳеврон соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 20:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бегоҳи 5 сентябр мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Ҳаким Фузайлов дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура» тамрин карда, ба бозии дӯстона бо тими миллии Фаластин омодагӣ мебинад. Бозии дӯстона дар майдони чаманаш сунъӣ баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.