Путин: Русия дӯсти боэътимоди Ӯзбекистон аст

Президенти Русия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки мардуми ӯзбек ва раҳбарияти ин кишвар метавонанд ба Русия ба сифати як дӯсти боэътимоди худ такя кунанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. “Умедворем он чи ки президент Ислом Каримов бунёдашро гузошта буд, идома хоҳад ёфт ва мо аз ҷониби […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки мардуми ӯзбек ва раҳбарияти ин кишвар метавонанд ба Русия ба сифати як дӯсти боэътимоди худ такя кунанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

“Умедворем он чи ки президент Ислом Каримов бунёдашро гузошта буд, идома хоҳад ёфт ва мо аз ҷониби худ тамоми талошамонро ба хотири пешрафти дуҷониба ба харҷ медиҳем, мардум ва раҳбарияти Ӯзбакистонро дастгирӣ мекунем. Метавонед ба кӯмаки мо ба таври комил ва ҳамаҷониба, ба ҳайси дӯстони худ такя кунед”, – гуфтааст ӯ.

Сарвари давлати Русия таъкид доштааст, ки президенти Ӯзбакистон равобити миёни ду кишварро дар доираи ҳамкориҳои стратегӣ бунёд карда буд. Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Русия ҳамкориҳои мардумиву фарҳангиаш бо Ӯзбакистонро қадр мекунад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки президенти Русия Владимир Путин қабри президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Самарқанд зиёрат намуда, бо гузоштани гучанбар рӯйи он ба хотираи ӯ арҷгузорӣ кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.