Арҷгузории Путин ба хотираи Ислом Каримов

Президенти Русия Владимир Путин қабри президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Самарқанд зиёрат намуда, бо гузоштани гучанбар рӯйи он ба хотираи ӯ арҷгузорӣ кард. Дар ин маросим ӯро нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳӣ кард. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. Сипас ӯ ба Қасри анҷуманҳо – қароргоҳи президенти Ӯзбекистон дар Самарқанд раҳсипор шуда, дар пояи […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин қабри президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Самарқанд зиёрат намуда, бо гузоштани гучанбар рӯйи он ба хотираи ӯ арҷгузорӣ кард. Дар ин маросим ӯро нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳӣ кард. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Сипас ӯ ба Қасри анҷуманҳо – қароргоҳи президенти Ӯзбекистон дар Самарқанд раҳсипор шуда, дар пояи акси Ислом Каримов гулчанбар гузошт ва ба ҳамсари Каримов – Татяна Каримова ва духтари хурдии ӯ – Лола Каримова-Тиллоева тасаллияту ҳамдардӣ изҳор намуд.

Ба иттилои РИА Новости, дар идома суҳбати президенти Русия бо пайвандону наздикони Каримов бидуни ҳузури рӯзноманигорон сурат гирифт.

https://www.youtube.com/watch?v=dIQ8pkmnMOA

Ёдрас мекунем, ки Президенти Русия Владимри Путин ҷиҳати арзи эҳтиром ва зиёрати қабри собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, имрӯз, 6 сентябр ба шаҳри Самарқанд ташриф овард. Зимни мулоқот бо журналистон дар нишасти G20 дар Ханчжоуи Чин Путин изҳор дошт, ки дар поягузории давлати мустақили Ӯзбекистон Каримов саҳми босазо гузошта, марги ӯ барои мардуми ин кишвар талафоти бузург аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.