Муҳориба барои “Бохтар”: Tethys аз Total ва CNPS 10,1 млн. $ талаб дорад

Ширкати канадагии Tethys Petroleum нисбати ду шариконаш бо даъвои рӯёнидани 10,1 млн. доллари ИМА аз онҳо дар лоиҳаи Бохтар (Bokhtar Operating Company) ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ муроҷиат кардааст. Дар маълумоти дар сомонаи Tethys Petroleum дар ин робита интишоршуда зикр мегардад, ки шарикони ширкат дар Тоҷикистон – Total-и Фаронса ва Корпоратсияи милли нафту гази Чин (СNPC) […]

Пайрав Чоршанбиев

Ширкати канадагии Tethys Petroleum нисбати ду шариконаш бо даъвои рӯёнидани 10,1 млн. доллари ИМА аз онҳо дар лоиҳаи Бохтар (Bokhtar Operating Company) ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ муроҷиат кардааст.

Дар маълумоти дар сомонаи Tethys Petroleum дар ин робита интишоршуда зикр мегардад, ки шарикони ширкат дар Тоҷикистон – Total-и Фаронса ва Корпоратсияи милли нафту гази Чин (СNPC) дар Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ нисбати Tethys мурофиа роҳандозӣ намудаанд.

Дар ин робита, қайд мешавад дар маълумот, ширкат бо даъвои муқобили даъво алайҳи шарикони худ муроҷиат намуда, тақозо намудааст, ки аз онҳо ба нафъи худаш 10,1 млн. доллари ИМА рӯёнида шавад.

Қобили зикр аст, ки 19 майи соли равон ширкатҳои Total ва СNPS нисбати ширкати «Кӯлоб Петролеум Лимитед» (ширкати фаръии Tethys Petroleum) бо даъвои рӯёнидани 9 млн. доллари ИМА аз он бинобар сабаби иҷро накардани уҳдадориҳои молиаш (ҷамъи хароҷоти судӣ зимни мурофиа) ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ шикоят бурданд.

Ширкати Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ахири моҳи июли соли 2012 раҳбарияти ширкат изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар кони Бохтар «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд.

Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд. Пас аз ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC ва Total таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд. Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот майдони ҳудуди 35 ҳазор метри мураббаъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Моҳи сентябри соли гузашта Total ва СNPS аз Tethys Petroleum Limited-и Канада талаб карданд, ки ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад.

Огоҳиномаи фиристодаи ширкатҳои CNPC ва Total бар он асос ёфтааст, ки Tethys ба санаи 9 октябр пардохт аз рӯи лоиҳа дар моҳи сентябрро дар ҳаҷми тақрибан 1,28 млн. доллари ИМА ва моҳи октябр ба маблағи ҳудуди 780 ҳазор доллари ИМА-ро анҷом надодааст.

Дар ин огоҳинома аз шарикони Tethys комилан хориҷ шудани Kulob Petroleum Limited (ширкати фаръии Tethys) аз Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак ва ҳамчунин ба ихтиёри ин ширкатҳо супурдани тамоми ҳисса дар лоиҳаи «Бохтар» тақозо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Tethys дар маълумоти худ таъкид месозад, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар лоиҳаи коркарди кони «Бохтар» аз тамоми имконоту талошҳои аз нигоҳи тиҷоратӣ қобили қабул истифода хоҳад кард.

Моҳи январи соли ҷорӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 7 соли корҳо аз рӯи лоиҳаи Бохтар ягон натиҷаи муайян ҳосил нашуд.

“Давоми ҳамин сол онҳо бояд 25%-и майдонҳои нафту газдорро ба ҳукумат баргардонанд”, – гуфт ӯ, вале аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала худдорӣ варзида қайд кард: “Вақте гуфта мешавад, ки фаъолияти ширкат ғайриқаноатбахш арзёбӣ мешавад, ин посух ба ҳамаи пурсишҳост”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.