Розенблюм: ИМА мисли пешин ҷонибдори ҳамшарикӣ бо Ӯзбекистон аст

Даниел Розенблюм, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико, давраи гузорро дар Узбакистон шансе барои ин кишвар донист, ки бо истифода аз ин фурсат метавонад мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Розенблюм бо як сафари корӣ дар Тошканд қарор дорад ва рӯзи 6-уми сентябр бо хабарнигорон суҳбат кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ гуфтааст, дар […]

Радиои Озодӣ

Даниел Розенблюм, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико, давраи гузорро дар Узбакистон шансе барои ин кишвар донист, ки бо истифода аз ин фурсат метавонад мавқеашро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшад. Розенблюм бо як сафари корӣ дар Тошканд қарор дорад ва рӯзи 6-уми сентябр бо хабарнигорон суҳбат кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ гуфтааст, дар ҷараёни ин сафараш паёми тасаллияти Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро дар робита ба даргузашти Ислом Каримов ба мақомоти Узбакистон супурда ва ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз мардуми ин кишвари Осиёи Марказиро баён доштааст.

Даниел Розенблюм гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҷонибдори ҳамшарикӣ бо Узбакистон боқӣ монда, тарафдори соҳибихтиёрӣ, амният ва ҳамчунон таъмини риояи ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандони он мебошад. "Ҳама гуна тағйирот ва дигаргунӣ барои роҳбарияти ҳар кишвар душвориҳоро пеш меорад. Тавре Барак Обама дар паёми худ, ки рӯзи шанбе эълон шуда буд, гуфт, Узбакистон ба марҳалаи нави таърихи худ ворид мешавад," – афзуд номбурда.

Даниел Розенблюм дар Тошканд бо вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов мулоқот анҷом додааст. Ҷузъиёти ин суҳбат рӯшан нест, аммо Розенблюм дар нишасти хабарии худ ба суоли он ки оё чи тағйироте дар муносибатҳои Амрикову Узбакистон дар назар аст, гуфт, "умед дорем, муносибату ҳамкориҳо дар солҳои наздик тавсеа хоҳанд ёфт".

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир лағви ягон қарордоди миёни Амрикову Узбакистон дар назар нест, то замоне ки, ба гуфтаи ӯ, ин қарордодҳо ба нафъи ҳарду кишвар хидмат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.