Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Ярмаркаи қолинҳо ва маснӯоти қолинӣ доир мегардад. Вақти кори ярмарка аз соати 08:00 то 18:00. Дар ярмарка номгӯи васеи қолинҳо ва маснӯоти қолинии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва ҳамчунин маҳсулоти нави ин корхона ба маърази фурӯшу тамошо гузошта мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Ярмаркаи қолинҳо ва маснӯоти қолинӣ доир мегардад. Вақти кори ярмарка аз соати 08:00 то 18:00. Дар ярмарка номгӯи васеи қолинҳо ва маснӯоти қолинии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва ҳамчунин маҳсулоти нави ин корхона ба маърази фурӯшу тамошо гузошта мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8685 сомонӣ;

1 евро – 8.7828 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1186 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – Қуллаи аз ҷиҳати баландӣ дуюми ИҶШС – қуллаи Ленин (7134 м) фатҳ карда шуд.

1992 – Нерӯҳои мухолифин президенти  ҶТ Р.Набиевро ба истеъфо маҷбур карданд.

1994 – Матни нави Гимни давлатии Тоҷикистон (шеъри Г.Келдӣ, оҳанги С.Юдаков) тасдиқ гардид.

2002 — Дар Душанбе Форуми 5-уми умуиҷаҳонии тоҷикон ва форсизабонон доир гардид, ки дар кори он ҳудуди 150 нафар намояндагон аз 125 кишвари дунё ширкат варзиданд.

2004 — Созмони байнулмилалии ЮНЕСКО Душанберо шаҳри сулҳ эълон кард.

2009 — Президенти Тоҷикистон бемористони нави хусусии ба номи Абӯалӣ ибни Синоро ифтитоҳ намуд, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад.

1946 – Зодрӯзи нависанда Адаш Истад.

1961 – Мавлуди оҳангсоз Хуршед Ниёзӣ.

1990 — Зодрӯзи рӯзноманигор Фирӯз Умарзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +10+15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.