Идомаи коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон

Тӯли 8 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 2 млрд. 545 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 7,6% ё худ 222,1 млн. доллари ИМА камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулот ба андозаи 1,9% ё […]

Пайрав Чоршанбиев

Тӯли 8 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 2 млрд. 545 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 7,6% ё худ 222,1 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулот ба андозаи 1,9% ё худ 11,7 млн. доллари ИМА ва ҳаҷми воридот – 9,1% ё худ ба миқдори 196,6 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

Поинравии нишондиҳандаҳои ҳаҷми муомилоти молии хориҷии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба коҳиши ҳаҷми воридоти чӯб ва маснӯоти он, воситаҳои нақлиёт, маҳсулоти минералӣ ва маводи тайёри ғизойӣ, ҳамчунин кам шудани ҳаҷми содироти нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо, маҳсулоти чорводорӣ ва растанӣ марбут аст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Чин маҳсуб ёфта, тайи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 660 млн. доллари ИМА ва Тоҷикистону Чин – қариб 620 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилот бо Русия 10% кам шуда, бо Чин – ба андозаи 45% афзудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.