Дархости 25 ва 23 соли зиндон ба адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки Бузургмеҳр Ёров, адвокати фаъолони ҳабсшудаи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум карда шавад. Прокурор Рустам Тақдирзода аз суд дархост намуд, ки Бузургмеҳр Ёров мутобиқи 5 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 […]

Мавзуна Абдуллоева

Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки Бузургмеҳр Ёров, адвокати фаъолони ҳабсшудаи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Прокурор Рустам Тақдирзода аз суд дархост намуд, ки Бузургмеҳр Ёров мутобиқи 5 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ); 307, замиман 1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо) гунаҳкор эътироф карда шавад.

Нисбати адвокат Нуриддин Маҳкамов айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост кард, ки ӯ мутобиқи 4 модда – 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ); 307, замиман 1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 23 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, айбдоркунандаи давлатӣ зимни талаби ҷазо барои Бузургмеҳр Ёров аз додгоҳ ҳамчунин хостааст, ки чанд дороии ӯ – як дукони тиҷоратӣ дар маҳаллаи Маяковский, як манзили нимсохт дар Чимтеппа ва як худрави сабукрави тамғаи "Ҳюндай"-ро, ки ба номи ӯ будааст, мусодира ва давлатӣ кунад.

Хабаргузории TojNews дар ин робита менаисад, Муаззама Қодирова, вакили дифои Ёров ва Маҳкамов ба даъвои айбдоркунандаи давлатӣ изҳори норозиятӣ карда аз судя хостааст, ки ҳангоми баровардани ҳукм адл кунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.