С.Аслов аз минбари СММ доир ба муҳоҷират ибрози назар кард

Дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Мулоқоти сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи кӯчиши оммавии паноҳандагон ва муҳоҷирон иштирок намуда, дар яке аз мизҳои мудаввари чорабинии мазкур суханронӣ намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазири корҳои хориҷӣ ҳангоми таъкид […]

Asia-Plus

Дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар Мулоқоти сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаи кӯчиши оммавии паноҳандагон ва муҳоҷирон иштирок намуда, дар яке аз мизҳои мудаввари чорабинии мазкур суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазири корҳои хориҷӣ ҳангоми таъкид аз мушкилиҳо ва чолишҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба зарурати андешидани чораҳои муштарак дар ҳама сатҳҳо ҷиҳати беҳтар намудани раванди муҳоҷират, хоссатан мутобиқгардонӣ ва ҳамгироии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои мизбон, инчунин тадбирҳо оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ таъкид кард.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишаст дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк сарони кишварҳо ва вазирони корҳои хориҷии 193 кишвар Эъломияи Ню-Йорк дар умури паноҳандагон ва муҳоҷиронро маъқул шумориданд. Дар ин бора дар иттилоияи мунташиршуда дар сомонаи СММ хабар дода мешавад.

Эъломияи Ню-Йорк иродаи сиёсии сарони кишварҳо дар масъалаи ҳимояи ҳаёт, ҳифзи ҳуқуқ ва ҳиссаи масъулияти онҳо дар ҳалли буҳрони муҳоҷират дар миқёси глобалиро ифода мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.